Skip to content
Home » Ба наздикӣ: баракатҳо ва лаънатҳо

Анҷом ёфтани Таврот. Баракатҳо ва Лаънатҳо

  • by

Дар мақолаи охиринамон мо меъёрҳоеро дидем, ки Аллоҳ дод, то ки мо пайғамбарони ҳақиқшро шинохта тавонем – ки онҳо ҳамчун як ҷузъи паёми худ ояндаро пешгӯӣ мекунанд. Пайғамбар Мусо алайҳиссалом ин қоидаро намоиш дод – дар бораи ояндаи исроилиён пешгӯӣ кард – пешгӯиҳое ки бояд ба амал меомаданд, агар паёми ӯ аз ҷониби Аллоҳ бошад. Ин пешгӯиҳо Лаънатҳо ва Баракатҳои оянда ба исроилиён буданд. Шумо матни пурраи Баракатҳо ва Лаънатҳоро дар ин ҷо хонда метавонед. Бандҳои асосӣ дар зер оварда шудаанд.

Баракатҳои Мусо алайҳиссалом

Пайғамбар Мусо алайҳиссалом аз тасвири Баракатҳои беҳтарин сар кард, ки исроилиён ба даст меоваранд, агар ба Фармудаҳо итоат намоянд. Ин Баракатҳо дар пеши назари халқҳои дигар хоҳанд буд, то ки онҳо баракатҳои Ӯро шинохта тавонанд. Чунон ки навишта шудааст

Ва ҳамаи қавмҳои замин мебинанд, ки номи Парвардигор бар ту хонда шудааст, ва аз ту метарсанд.

Такрори Шариат 28:10

Аммо агар онҳо ба фармудаҳо итоат накунанд, лаънатҳо ба даст меоваранд, ки хилофи баракатҳо мебошанд. Лаънатҳо инъикоси оинавии Баракатҳо хоҳанд буд. Ин лаънатҳоро низ халқҳои атроф хоҳанд дид:

… дар миёни ҳамаи қавмҳое ки Парвардигор туро ба он ҷо мебарад, ту воситаи ҳайрат, масал ва масхара мегардӣ.

Такрори Шариат 28: 37

Ва лаънатҳо барои худи исроилиён хоҳанд буд

… ва онҳо бар ту ва бар насли ту то абад аломат ва ибрат мешаванд.

Такрори Шариат 28: 46

Аллоҳ огоҳ намуд, ки қисми бадтарини лаънатҳо аз халқҳои дигар хоҳад омад:

Парвардигор аз дурдаст, аз канори замин халқеро, ки монанди уқоб мепарад, бар ту меоварад, — халқе ки забонашро ту намефаҳмӣ, халқи рӯйнатане ки поси хотири пиронро нигоҳ намедорад, ва ба ҷавонон раҳм намекунад; ва самараи чорпоёнат ва ҳосили заминатро мехӯрад, то даме ки хонавайрон шавӣ, ба тавре ки ғалла, шираи ангур, равғани зайтун, зоиши говонат ва афзоиши гӯсфандонатро барои ту боқӣ намегузорад, то даме ки туро нобуд созад; ва туро дар ҳамаи шаҳрҳоят муҳосира мекунад, то даме ки деворҳои баланд ва мустаҳками туро, ки ба онҳо умед мебандӣ, дар тамоми сарзаминат хароб кунад; ва туро дар тамоми шаҳрҳоят, дар тамоми сарзаминат, ки онро Парвардигор Худоят ба ту медиҳад, муҳосира мекунад. ()

Такрори Шариат 28: 49-52

Воқеаҳо аз бад то боз ҳам бадтар пеш рафтан мегиранд:

… ва шумо аз сарзамине ки барои соҳибӣ кардани он ба он дохил мешавед, ронда мешавед. Ва Парвардигор туро дар миёни ҳамаи қавмҳо, аз як канори замин то канори дигари замин, пароканда мекунад… Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат намеёбӣ, ва барои кафи поят оромӣ намешавад, ва дар он ҷо Парвардигор ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор медиҳад.

Такрори Шариат 28: 63-65

Ин Баракатҳо ва Лаънатҳо дар Аҳд (шартнома) муқаррар шуда буданд

…то ки Ӯ туро имрӯз ҳамчун қавми Худ тасдиқ намояд, ва Ӯ Худои ту бошад, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва чунон ки ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст. Ва на танҳо бо шумо ман ин аҳд ва ин савгандномаро мебандам… ҳам бо онҳое ки имрӯз дар ин ҷо ҳамроҳи мо нестанд.

Такрори Шариат 29: 12-15

Дигар хел карда гӯем, ин аҳд ҳатмӣ хоҳад буд барои авлодон, яъне наслҳои оянда ҳатмӣ хоҳад буд. Моҳиятан ин аҳд барои наслҳои оянда буд – ҳам барои исроилиён, ҳам аҷнабиён.

Ва насли баъдина, яъне фарзандони шумо, ки баъд аз шумо пайдо мешаванд, ва хориҷиҳое ки аз сарзамини дурдаст меоянд, ҳангоме ки мусибатҳои ин сарзамин ва вабоҳоеро, ки Парвардигор ба сари он меоварад, бинанд, мегӯянд… кишт карда намешавад, ва ҳосиле намерӯёнад, ва ҳеҷ як алафе дар он намесабзад… Ва ҳамаи халқҳо мегӯянд: “Аз чӣ сабаб Парвардигор ба ин сарзамин чунин амал кардааст? Шиддати ин ғазаби азим аз чӣ сабаб аст?” Ва мегӯянд: “Аз он сабаб аст, ки онҳо аҳди Парвардигор Худои падарони худро, ки дар вақти берун овардани онҳо аз сарзамини Миср бо онҳо баста буд, тарк карданд… бинобар ин хашми Парвардигор бар ин сарзамин аланга зад, ва Ӯ тамоми лаънатеро, ки дар ин китоб навишта шудааст, бар он овард; ва Парвардигор онҳоро бо ғазаб ва хашм ва қаҳри азим аз сарзаминашон решакан карда, ба сарзамини дигаре партофт, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст”

Такрори Шариат 29:21-27

Оё баракатҳо ва лаънатҳои Мусо амалӣ шудаанд?

Баракатҳои ваъдашуда олидараҷа буданд, аммо лаънатҳои таҳдидкунанда  бетараҳҳум буданд. Бо вуҷуди ин, саволи муҳимтарин, ки мо дода метавонем: ”Оё воқеаҳои дар онҳо тасвиршуда рӯй додаанд?” Ба ин савол ҷавоб дода, мо мебинем, ки оё Мусо алайҳиссалом пайғамбари ҳақиқӣ буд ё не, ва барои ҳаёти имрӯзамон маслиҳат ба даст меоварем.

Ҷавоб дар дасти мост. Қисми зиёди Аҳди Қадим (Ал-Китоб) – сабти таърихи исроилиён аст, ки аз он мо дида метавонем, ки чиҳо рӯй медоданд. Ғайр аз ин, мо на танҳо Аҳди Қадим, балки сабтҳои дигар сарчашмаҳоро дорем, аз ҷумла асари таърихшиноси яҳудӣ Иосиф Флавий, таърихшиноси юнонӣ-румӣ Публий Корнелий Тацит, ва мо бисёр осорҳои бостониро пайдо намудаем. Ҳамаи ин сарчашмаҳо ба ҳам мувофиқат доранд ва таърихи исроилиёнро тасвир медиҳанд. Ин барои мо боз як аломат аст. Дар ин ҷо баёни мухтасари таърихи исроилиён бо тасвири ҷадвалҳо ҳаст, то мо беҳтар дида тавонем, ки дар таърихи онҳо чиҳо рӯй додаанд.

Мо аз ин таърих чиро мебинем? Ҳа, дар асл Лаънатҳои Мусо, ҳар қадар даҳшатовар бошанд ҳам, иҷро шуданд – ва айнан ҳамон тавре ки ӯ ҳазорон сол пеш тасвир карда буд – пеш аз он ки ҳамаи ин рӯй дод (дар ёд нигоҳ доред, ки ин пешгӯиҳо на пас аз рӯй додани воқеаҳо, балки пеш аз онҳо тасвир шудаанд).

Аммо лаънати Мусо бо ин ба охир нарасид. Он давом ёфт. Мусо алайҳиссалом ин лаънатҳоро чунин ҷамъбаст намуд:

Ва ҳангоме ки ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате ки ба ту пешниҳод намудам, ба сари ту оянд, ва ту онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки туро Парвардигор Худоят ба он ҷо пароканда созад, дар дили худ ҷой диҳӣ, ва сӯи Парвардигор Худои худ баргардӣ, ва ту ҳамроҳи фарзандонат, мувофиқи ҳар он чи ман имрӯз ба ту мефармоям, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ба овози Ӯ гӯш андозӣ, —он гоҳ Парвардигор Худоят асирони туро бармегардонад, ва ба ту раҳм менамояд, ва аз нав туро аз миёни ҳамаи қавмҳое ки Парвардигор Худоят туро ба он ҷо пароканда созад, ҷамъ мекунад. Ҳатто агар парокандагии ту то канори осмон бошад, аз он ҷо туро Парвардигор Худоят ҷамъ мекунад ва аз он ҷо туро мегирад, ва туро Парвардигор Худоят ба сарзамине ки падаронат соҳибӣ карда буданд, меоварад, ва ту онро соҳибӣ мекунӣ, ва Ӯ ба ту марҳамат намуда, туро бештар аз падаронат зиёд мегардонад.

Такрори Шариат 30:1-5

(Боз) чунин савол додан табиист: оё ин рӯй дод? Ин ҷойро зер кунед, то давоми қиссаи онҳоро бинед.

Анҷомёбии Таврот – интизории Забур

Таврот бо ин Баракатҳо ва Лаънатҳо ба охир мерасад. Пайғамбар Мусо алайҳиссалом чанде пас аз анҷом ёфтани он вафот кард. Сипас исроилиён, бо сарварии ҷонишини Мусо – Еҳушаъ ибни Нун – ба сарзамин даромаданд. Чунон ки дар таърихи исроилиён фаҳмонда мешавад, онҳо дар он ҷо бе подшоҳ ва бе пойтахт зиндагӣ мекарданд, то даме ки подшоҳи бузург Довуд ба сари ҳокимият омад. Ӯ қисми нави Аҳди Қадимро сар кард, ки дар Қуръон Забур номида шудааст. Мо бояд Забурро фаҳмем, зеро он аломатҳоеро, ки дар Таврот сар шуда буданд, давом медиҳад, – ва онҳо ба мо дар фаҳмидани Инҷил ёрӣ мерасонанд. Дар давомаш мо мебинем, ки чӣ тавр Қуръон ва Исои Масеҳ дар бораи Довуд алайҳиссалом ва Забур мегӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *