Skip to content
Home » Знамение Масиха: знаки седмин

Знамение Масиха: знаки седмин

  • by

Пешгӯиҳои сершуморро таҳлил карда, мебинем, ки агарчи онҳоро садҳо сол аз ҳам ҷудо мекунанд (аз нуқтаи назари инсонӣ ин пешгӯиҳоро бо ҳам мувофиқат кардан ғайриимкон аст), бо вуҷуди ин, онҳоро як мавзӯи умумӣ – омадани Масеҳ муттаҳид мекунад. (= Христос). Мо аллакай гуфта будем, ки пайғамбар Ишаъё алайҳиссалом тасвири Навдаеро (Шохаеро), ки аз решаи мурда мерӯяд, истифода кардааст ва баъд Закарё алайҳиссалом пешгӯӣ кардааст, ки ин навда номи ибронии Йешуа хоҳад дошт, ки ба юнонӣ ҳамчун Христос ва ба арабӣ ҳамчун Исо тарҷума шудааст. Ва худи номи Масеҳ (= Христос) 500 сол пеш аз таваллуди Исои Масеҳ (Исо алайҳиссалом) пешгӯӣ шуда буд. Ин пешгӯӣ дар китобҳои яҳудӣ (на Инҷил) сабт шудааст, ки то ҳол аз ҷониби яҳудиён мутолиа ва пазируфта мешавад, ҳарчанд онҳо маънои гуфтаҳоро дарк намекунанд.

Пайғамбар Дониёл

Акнун биёед ба сухани пайғамбар Дониёл алайҳиссалом мегузарем. Дониёл дар асорати яҳудиён дар Бобил зиндагӣ мекард ва ашрофи баландпояи подшоҳи Бобил ва Форс буд. Ғайр аз ин ӯ пайғамбар буд. Дар ҷадвали зер солҳои зиндагии пайғамбар Дониёл алайҳиссалом дар робита бо ба дигар пайғамбарон нишон дода шудааст.

Пайғамбарон Дониёл ва Наҳемё дар ҷадвали замонӣ дар робита бо дигар пайғамбарони Забур

Дониёл алайҳиссалом дар китоби худ нақл мекунад, ки чӣ тавр ба ӯ аз ҷониби фаришта Ҷабраил паёме дода шуд. Дар тамоми Китоби Муқаддас (ал-китоб) ягона одамоне ки фаришта Ҷабраил бо онҳо суҳбат кардааст, Дониёли пайғамбар ва Марям, модари Исо мебошанд. Суханони Ҷабраил сазовори таваҷҷгҳи махсус аст. Фаришта чунин гуфт:

Ҷаброил… зуд парвоз намуда, қариби вақти ҳадияи шом ба ман расид… ва гуфт: Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри поки ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи пайғамбар муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад. Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Уршалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола кӯчаҳо ва хандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд. Ва баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ нобуд хоҳад шуд, ва нахоҳад буд; ва қавми раиси оянда шаҳр ва қудсро хароб хоҳад кард, вале охири ӯ зуд фаро хоҳад расид, ва то охири ҷанг вайронаҳо насиб шудааст.

Дон. 9:21-26

Дар назди мо пешгӯӣ дар бораи Тадҳиншудаи оянда аст (= Масеҳ = Христос) ниг. дар ин ҷо). Ҷабраил вақти омадани Масеҳро эълон кард. Ба гуфтаи Ҷабраил, ҳисобкунии вақтҳо бо баромадани «фармони барқарорсозии Уршалим» сар мешавад. Дониёл, ки ин ваҳй ба ӯ дода шуда буд (тақрибан соли 537 пеш аз милод), то дидани нуқтаи ибтидоии ҳисобкунии вақтҳо умр надид.

Фармон дар бораи барқарорсозии Уршалим

Ва танҳо пайғамбар Наҳемё, ки сад сол пас аз Дониёл алайҳиссалом зиндагӣ мекард, шоҳиди лаҳзаи саршавии ин ҳисоб буд. Ӯ соқии шоҳи Форс Артаҳшасто буд ва дар Шушан – дар қаламрави Эрони ҳозира зиндагӣ мекард. Дар ҷадвал солҳои умри ӯ нишон дода шудаанд. Дар китоби худ ӯ мегӯяд:

Дар моҳи нисони соли бистуми подшоҳ Артаҳшасто… Подшоҳ ба ман гуфт: «Хоҳиши ту чист?» Пас ман ба Худои осмон дуо кардам, ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ писанд ояд, ва агар бандаат дар ҳузури ту марҳамат ёбад, маро ба Яҳудо, ба шаҳри қабрҳои падаронам фирист, то ки онро боз созам»… Ҳамчунин ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ писанд ояд, бигзор … номае низ барои Ософ, ки нозири ҷангалҳои подшоҳ аст, ба ман диҳанд, то ки вай чӯбу тахта барои дарвозаҳои қалъаи назди ибодатхона ба ман диҳад, ва низ чӯбу тахта барои девори шаҳр, ва барои хонае ки ман дар он сокин мешавам». Пас подшоҳ мувофиқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод. Чун назди волиёни он сӯи дарё омадам, номаҳои подшоҳро ба онҳо додам… ба Уршалим расидам.

Наҳ. 2:1-11

Ин тасвири худи ҳамон фармони аз нав сохтани Уршалим аст, ки Дониёл пешгӯӣ карда буд. Гуфта мешавад, ки ин дар соли 20-уми ҳукмронии шоҳи Форс Артаҳшасто рӯй додааст, ки дар бораи ӯ ба мо маълум аст, ки подшоҳии ӯ дар соли 465 пеш аз милод оғоз шудааст. Ҳамин тариқ, соли 20-уми ҳукмронии ӯ ба соли 444-уми пеш аз милод рост меояд. Ин ҳамон соли бароварда шудани фармон аст. Фаришта Ҷабраил, ки ба Дониёл алайҳиссалом ваҳйе аз ҷониби Худо эълон кард, ба мо аломати оғози ҳисобро дод. Ва акнун, пас аз садҳо соли ин эълон, подшоҳи Форс, ки аз мавҷудияти пешгӯии Дониёл бехабар буд, дар бораи барқарорсозии Уршалим фармон мебарорад. Ҳисобкунӣ оғоз мешавад, ки дар охири он Тадҳиншуда, Масеҳ (Христос) ба ҷаҳон зоҳир мешавад.

Ҳафтаҳои пурасрор

Мувофиқи суханони фаришта Ҷабраил, Масеҳ пас аз ҳафт ҳафта ва шасту ду ҳафта меояд. Аммо ин ҳафта чист? Дар Тавроти Мусо алайҳиссалом дар бораи давраҳои махсуси ҳафтсола омадааст. Дар ҳар ҳафт сол замини корам бояд аз кишту дарав дам мегирифт — бояд бекор мехобид. Ҳамин тариқ, як ҳафта як давраи 7 сол аст. Дар натиҷа, ҳисобкунии вақтҳо аз ду қисм иборат аст – аз вақти бароварда шудани фармони муайян. Қисми аввал “ҳафт ҳафта” ё ҳафт давраи 7-сола мебошад. Ба ибораи дигар, 7 * 7 = 49  вақтест, ки барои барқарор кардани Уршалим сарф шудааст. Сипас шасту ду ҳафта меоянд; яъне дар маҷмӯъ  7 * 7 + 62 * 7 = 483 сол. Ба ибораи дигар, аз вақти бароварда шудани фармони Артаҳшасто то омадани Масеҳ 483 сол мегузарад.

Давомнокии сол – 360 рӯз

Биёед ба тақвим баъзе ислоҳот ворид кунем. Мисли бисёр халқҳои қадим, пайғамбарон соли иборат аз 360 рӯзро истифода мекарданд. Дар тақвим дарозии солро бо роҳҳои гуногун нишон додан мумкин аст. Соли Ғарбӣ (як гардиши Замин дар атрофи Офтоб) 365,24 рӯз аст, дар ҳоле ки соли мусулмонӣ 354 рӯз аст (аз рӯи давраҳои моҳ). Соли Дониёл 360 рӯз аст. Ба ибораи дигар, 483 сол (дарозии 360 рӯз) 483 * 360 / 365,24 = 476 соли астрономӣ мебошад.

Омадани Масеҳ бо дақиқии то як сол пешгӯӣ шудааст

Бо ин маълумотҳо вақти омадани Масеҳро ҳисоб кардан мумкин аст. Ҳангоми гузаштан аз ҳисоби пеш аз милод ба солшумории мо, бояд дар хотир дошт, ки дар байни соли 1-уми пеш аз милод ва соли 1-уми милодӣ танҳо як сол вуҷуд дорад (соли сифр вуҷуд надорад). Мо ин ҳисобҳоро дар ҷадвал пешниҳод мекунем:

Соли ибтидоӣСоли 444 то милод (соли 20-уми Артаҳшасто)
Давомнокии вақт476 соли астрономӣ
Соле ки омадани Масеҳро интизор бояд шуд аз рӯи тақвими ғарбӣ(-444 + 476 + 1) (‘+1’, чунки соли 0 вуҷуд надорад) = 33
Соле ки омадани Масеҳро интизор бояд шудСоли 33 милодӣ.

Исои Носирӣ савори хар ба Уршалим ворид шуд, ки баъдтар сабаби ҷашн гирифтани Якшанбеи нахл гардид. Худи ҳамон рӯз ӯ худро Масеҳ эълон кард. Ин дар соли 33 милодӣ рӯй дод.

Пайғамбарон Дониёл ва Наҳемё ҳамдигарро шахсан намешинохтанд – онҳоро тақрибан 100 сол аз ҳам ҷудо мекарданд – аммо бо хости Худо, ҳар ду дар бораи нуқтаи ибтидоии ҳисоб то омадани Масеҳ пешгӯиҳо гуфтанд. Тақрибан 570 сол пас аз он ки фаришта Ҷабраил ба Дониёл дар бораи омадани Масеҳ хабар дод, Исо ба Уршалим ворид шуда, худро Масеҳ эълон кард. Дар назди мо пешгӯии воқеан аҷиб бо иҷрои хеле дақиқи он аст. Дар баробари эълон шудани номи Масеҳ аз ҷониби пайғамбар Закарё, мо маҷмӯи пешгӯиҳои аҷиберо дар ихтиёр дорем, ки ба шарофати онҳо ҳамаи онҳое, ки хоҳони фаҳмидани нақшаи Худо ҳастанд, метавонанд ин корро кунанд.

Аммо шумо мепурсед: агар ин ҳама пешгӯиҳои аҷиби Забур дар китобҳои яҳудӣ навишта шуда бошанд (на дар Инҷил), пас чаро яҳудиён Исои Масеҳро қабул намекунанд? Магар дар китобҳои худашон дар бораи Ӯ зикр нашудааст! Оё ин бо мавҷудияти чунин пешгӯиҳои мукаммал набояд аён бошад? Худи фаҳмидани он, ки чаро яҳудиён Исои Масеҳро қабул намекунанд, ба мо кӯмак мекунад, ки нозукиҳои боз ҳам аҷибтареро бинем, ки бо омадани қуддусе ки паёмбарон ваъда додаанд, алоқаманд мебошанд. Дар мақолаи навбатӣ мо ин масъалаҳоро муфассалтар аз назар мегузаронем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *