Библия ё ал-Китобро одатан бо забонҳои аслӣ (ибронӣ ва юнонӣ) намехонанд. На барои он ки он дар ин забонҳо дастрас нест. Дастрас аст ва олимон дар донишгоҳ забонҳои ибронӣ ва юнониро меомӯзанд, то Библияро дар нусхаи асл хонда тавонанд. Илоҳиётшиносони оянда Китоби Муқаддасро маҳз ҳамин тавр меомӯзанд. Аммо аксари имондорон забонҳои ибрӣ ва юнониро намедонанд, аз ин рӯ онҳо Китоби Муқаддасро, ки ба забони модариашон тарҷума шудааст, мехонанд. Дар натиҷа мо Библияро ба забонҳои нусхаи аслӣ қариб ҳеҷ гоҳ намебинем, ва ин боиси фикре мегардад, ки матни аслии Библия гум шудааст ва тарҷумаҳо ба забонҳои дигар маънои онро вайрон кардаанд. Аммо пеш аз он ки ба чунин хулоса оем, биёед кӯшиш кунем, ки дар бораи раванди тарҷумаи «Ал-Китоб» ё «Инҷил» бештар маълумот гирем. Мо онро дар ин мақола дида мебароем.
Тарҷума ва транслитератсия
Аввалан, биёед бо яке аз усулҳои асосии тарҷума шинос шавем. Тарҷумонҳо баъзан калимаро на аз рӯи маъно, балки аз рӯи садояш ба забони дигар мегардонанд, хусусан дар робита ба ном ё унвонҳо. Ин техникаро транслитератсия меноманд. Диаграммаи зер фарқи байни тарҷума аз рӯи маъно ва транслитератсияро нишон медиҳад. Тарҷумаи «Худо» аз арабӣ ба русӣ ду роҳ аст. Якум аз рӯи маъно аст, ки ба мо калимаи “Худо”-ро медиках ва дуввум – аз рӯи садо, ки калимаи “Аллоҳ”-ро медиҳад.
Солҳои охир робитаи мутақобилаи арабӣ ва русӣ афзоиш ёфт ва истилоҳи “Аллоҳ” дар забони русӣ барои ифода намудани Худо устувор шуд. Қоидаи ягонаи истифодаи тарҷума ё транслитератсия ҳангоми интиқоли номҳо ва унвонҳо вуҷуд надорад. Интихоби тарҷумон ба он вобаста аст, ки истилоҳи нав дар забоне ки ба он тарҷума мешавад, то чӣ андоза хуб қабул карда мешавад.
Септуагинта
Аввалин тарҷумаи Библия дар соли 250-уми пеш аз милод карда шудааст, вақте ки Аҳди Қадим (= Таврот ва Забур) аз ибронӣ ба юнонӣ тарҷума шудааст. Ин тарҷума Септуагинта (ё LXX) номида мешавад ва ба таври умум қабул карда мешавад. Азбаски Аҳди Ҷадид баъдтар ба забони юнонӣ навишта шудааст, муаллифони он маҳз Септуагинтаи юнониро иқтибос овардаанд.
Тарҷума ва транслитератсия дар Септуагинта
Бо ёрии квадратҳо дар зер тасвир шудааст, ки чӣ тавр раванди тарҷума дар матнҳои муосири Библия инъикос мешавад:
Нусхаи аслии Аҳди Қадими ибронӣ (Таврат ва Забур) дар квадрати 1 ҷойгир шудааст; имрӯз он дар шакли Матни масоретӣ ва Лӯлапечҳои баҳри Мурда дастрас аст. Азбаски Септуагинта тарҷума аз ибронӣ ба юнонӣ буд, он ҳамчун тирча дар байни квадратҳои 1 ва 2 нишон дода шудааст. Аҳди Ҷадид аслан ба забони юнонӣ навишта шуда буд, аз ин рӯ квадрати 2 ҳам Аҳди Қадим ва ҳам Аҳди Ҷадидро дар бар мегирад.
Дар ду квадрати поён тарҷумаҳои Библия ба забонҳои ҳозира ҳастанд (дар мавриди мо, ба русӣ). Дар айни замон, Аҳди Қадим аз забони ибрӣ (1 -> 3) ва Аҳди Ҷадид аз юнонӣ (2 -> 3) тарҷума шудааст. Тарҷумонҳо ҳангоми додани номҳо ва унвонҳо метавонистанд байни тарҷума аз рӯи маъно ва садо (транслитератсия), тавре ки пештар гуфта шуд, интихоб кунанд. Инро тирчаҳои сабз ки дар онҳо тарҷума ва транслитетатсия навишта шудаанд, нишон медиҳанд; Тарҷумонҳо метавонистанд яке аз ин ду усулро истифода баранд.
Шазҳодатҳои Септуагинта дар масъалаи таҳриф шудани Библии
Азбаски «Септуагинта» дар соли 250 пеш аз милод аз забони ибрӣ тарҷума шуда буд, мо аниқ карда метавонем (бо тарҷумаи баръакс аз юнонӣ ба ибрӣ), ки кадом матни дастхатҳоро тарҷумонҳои он замон дар ихтиёр доштанд. Азбаски ин ду матн тақрибан якхелаанд, ин далели он аст, ки Аҳди Қадим аз соли 250 то милод бетағйир боқӣ мондааст. Дар тӯли чандин асрҳо Септуагинтаро дар Шарқи Наздик ва Баҳри Миёназамин яҳудиён, масеҳиён ва ҳатто бутпарастон мехонданд – то имрӯз он дар Шарқи Наздик васеъ истифода мешавад. Агар касе (яҳудиён, масеҳиён, ҳар касе ки бошад) ба матни Аҳди Қадим тағйирот ворид менамуд ва онро таҳриф мекард, он гоҳ Септуагинта аз забони ибронии нусхаи аслӣ фарқ мекард. Аммо ин ду матн аслан якхелаанд.
Ба ҳамин монанд, агар касе, масалан, дар Искандария ё Миср, дастнависҳои Септуагинтаро ба таври худ аз нав менавишт, пас нусхаҳои дастхатҳои Искандария аз нусхаҳое ки дар Шарқи Наздик ва ҳавзаи баҳри Миёназамин ҳастанд фарқ мекарданд. Аммо боз ҳам онҳо якхелаанд. Ҳамин тариқ, далелҳои овардашуда бечуну чаро тасдиқ мекунанд, ки матни Аҳди Қадим ҳеҷ гоҳ таҳриф нашудааст.
Септуагинта ва тарҷумаҳои ҳозира
Ба Септуагинта ҳамчунин ҳангоми ба забонҳои муосир тарҷума кардани Аҳди Қадим рӯ меоваранд. Тарҷумонҳои касбӣ то имрӯз матни Септуагинтаро барои тафсири порчаҳои печидаи Аҳди Қадим истифода мебаранд. Фаҳмидани тарҷумаи юнонӣ осонтар аст, бинобар ин ҳангоми тарҷумаи порчаҳои мураккаб ва норавшан аз забони ибрӣ, тарҷумонҳо ба Септуагинта муроҷиат мекунанд, то муқоиса кунанд, ки чӣ тавр тарҷумонҳо 2250 сол пеш ин порчаҳоро ба забони юнонӣ тафсир кардаанд.
Донистани усулҳои тарҷума/транслитератсия ва нақши Септуагинта ба мо кӯмак мекунад фаҳмем, ки истилоҳҳои «Христос», «Мессия» ва «Масеҳ» аз куҷо пайдо шудаанд ва чӣ гуна онҳо бо Исо (Исо алайҳиссалом) робита доранд. Бе дарки ин, фаҳмидани паёми асосии китоби «Инҷил» душвор хоҳад буд. Дар мақолаи навбатӣ ҳамаи номҳои Исоро аз назар мегузаронем.