Skip to content
Home » From Books » Page 8

From Books

Сураи 37:102-110 (Сафот) Таврот: Ҳастӣ 22:1-18
37|102|Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб
дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон
шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт».
37|103|Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид,
37|104|Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим,
37|105|хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем.
37|106|Ин озмоише ошкор буд.
37|107|Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем
37|108|Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
37|109|Салом бар Иброҳим!
37|110|Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
Ба қурбонӣ овардани Исҳоқ.
1Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
2Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».
3Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.
4Дар рӯзи сеюм Иброҳим чашм андохта, он маконро аз дур дид.
5Ва Иброҳим ба ғуломбачагони худ гуфт: «Шумо дар ин ҷо бо хар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем».
6Ва Иброҳим ҳезуми қурбонии сӯҳтаниро гирифта, бар писари худ Исҳоқ бор кард; оташ ва кордро ба дасти худ гирифт, ва ҳар ду якҷоя равона шуданд.
7Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда, гуфт: «Эй падарам!» Гуфт: «Лаббай, писарам!» Гуфт: «Инак оташ ва ҳезум, пас барраи қурбонӣ куҷост?»
8Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.
9Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.
10Ва Иброҳим дасти худро дароз карда, кордро гирифт, то ки писари худро забҳ кунад.
11Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»
12Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».
13Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.
14Ва Иброҳим номи он маконро Адӯной‐йирэ хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».
Тасдиқ шудани аҳди Худо бо Иброҳим.
15Ва дуюмбора фариштаи Худованд Иброҳимро аз осмон хонд,
16Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, —
17Туро бисьёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард;
18Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».
Аломати Иброхим (Кисми 2) – Куръон Аломати Иброҳим (Қисми 2) – Таврот
Сураи 37: 83-84,99-101 (Сафот)
83. |Иброҳим аз пайравони ӯ буд.

84. Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард.

99. 99|Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард.

100. 100|Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!»

101.101|Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем.

Ҳастӣ 15: 1-6

Иҷрои аҳд: ваъда кардани насли рӯҳонӣ.
1Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт:
«Натарс, эй Абром;
Ман сипари ту ҳастам;
музди ту бағоят бузург аст».
2Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».
3Ва Абром гуфт: «Инак, ба ман насл надодӣ, ва инак, хоназодам вориси ман аст».
4Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».
5Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».
6Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.

Знамение Адама – Коран

Знамение Адама – Таурат

Сура аль-майда 5:28=31

5|28|Агар ту бар ман даст кушоӣ, ки маро бикушӣ, ман бар ту даст накушоям, ки туро бикушам.
Ман аз Худо, ки Парвардигори ҷахониён аст, метарсам.
5|29|Мехоҳам, ки ҳам гуноҳи маро ба гардан гирӣ ва ҳам гуноҳи худро, то аз дӯзахиён гардӣ, ки
ин аст ҷазои ситамкорон».
5|30|Нафсаш ӯро ба куштани бародар тарғиб кард ва ӯро кушт ва аз зиёнкорон гардид.
5|31|Худо зоғеро фиристод то заминро бикобад ва ба ӯ биёмузад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худ
пинҳон созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн
кунам». Ва дар зумраи пушаймонон даромад.

Ҳастӣ 4:1–12
1Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
2Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.
3Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.
4Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;
5Аммо Қобил ва ҳадияи ӯро манзур надошт. Ва Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд.
6Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
7Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».
Кушандаи аввалин.
8Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.
9Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
10Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
11Ва акнун ту малъун ҳастӣ аз замине ки даҳони худро кушодааст, то ки хуни бародари туро аз дастат фурӯ барад.
12Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».