Skip to content

Матто 5-7

Мавъизаи болои кӯҳ.
Аҳкоми хушбахтӣ.
1Чун мардумро дид, бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд.
2Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт:
3«Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
4Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт.
5Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд.
6Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.
7Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт.
8Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид.
9Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.
10Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
11Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд.
12Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.

Вазифаи имондорон дар ҷаҳон

13Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад.
14Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.
15Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.
16Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.

Муносибати Исо ба Таврот.

17Гумон накунед, ки барои вайрон кардани Таврот ё суҳафи анбиё омадаам; наомадаам, ки вайрон кунам, балки ба ҷо оварам.
18Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як ҳарфе ва ё нуқтае аз Таврот ба фано нахоҳад рафт, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.
19Пас, ҳар кӣ яке аз ин аҳкоми хурдтаринро вайрон кунад ва ба мардум чунин таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон хурдтарин шумурда хоҳад шуд; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Малакути Осмон бузург хонда хоҳад шуд.
20Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд.

Ҳукми шашум.

21Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: „Қатл накун; ҳар кӣ қатл кунад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд“.
22Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, лоиқи ҳукми дорулқазо хоҳад буд; ҳар кӣ бародари худро „реқо“ гӯяд, лоиқи ҳукми шӯрои пирон хоҳад буд; ва ҳар кӣ „аҳмақ“ гӯяд, лоиқи оташи дӯзах хоҳад шуд.
23Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист,
24Қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун.
25Ханӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ шав, то ки даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба мулозим насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд;
26Ба ростӣ ба ту мегӯям: то фулуси охиринро адо накунӣ, аз он ҷо берун нахоҳӣ рафт.

Ҳукми ҳафтум.

27Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: „Зино накун“.
28Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад.
29Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.
30Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; зеро барои ту беҳтар аст, ки яке аз андомат талаф гардад, ва тамоми ҷисмат ба дӯзах андохта нашавад.

Исо дар бораи талоқ.

31Ҳамчунин гуфта шудааст: „Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад“.
32Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби зино, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино карда бошад.
Исо дар бораи қасам.
33Боз шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: „Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун“.
34Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун: на ба осмон, зеро ки тахти Худост;
35На ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Ерусалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст;
36Ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки қодир нестӣ як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ.
37Балки сухани шумо: „оре, оре“ ва „не, не“ бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз иблис аст.
Ғалаба бар адоват ба воситаи муҳаббат.
38Шунидаед, ки гуфта шудааст: „Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне“.
39Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накун. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон;
40Ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ;
41Ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав.
42Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ, ва аз касе ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон.
43Шунидаед, ки гуфта шудааст: „Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун“.
44Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед, ба нафраткунандагони худ некӣ кунед ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед,
45То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад.
46Зеро ки агар дӯстдорандагони худро дӯст бидоред, чӣ мукофоте хоҳед ёфт? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
47Ва агар танҳо ба бародарони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
48Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».
Давоми мавъизаи болои кӯҳ.
Маҳкум кардани намуди зоҳирӣ дар дин.
1«Зинҳор, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт.
2Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд.
3Аммо вақте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад,
4То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.
5Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти ҳудро гирифтаанд.
6Лекин ту, вақте ки мехоҳӣ дуо гӯӣ, ба ҳуҷраи ҳуд даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.
7Ва дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед; зеро онҳо гумон мекунанд, ки ба туфайли пургӯӣ дуояшон мустаҷоб мешавад;

Муносибати нав ба дуо.

8Монанди онҳо набошед; зеро Падари шумо тамоми эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад.
9Пас ба ин мазмун дуо гӯед:
„Эй Падари мо, ки дар осмонӣ!
исми Ту муқаддас бод;
10Малакути Ту биёяд;
иродаи Ту,
чунон ки дар осмон аст,
дар замин ҳам ба амал ояд;
11Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ;
12Ва қарзҳои моро бибахш,
чунон ки мо низ ба қарздорони ҳуд мебаҳшем;
13Ва моро ба озмоиш дучор накун,
балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ;
зеро ки Малакут ва қувват
ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин“.
14Зеро, агар шумо ба мардум ҳатоҳошонро бибаҳшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ ҳоҳад бахшид;
15Ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ ҳатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.

Дар бораи рӯзадорӣ.

16Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.

17Лекин ту, вақте ки рӯза медорӣ, ба сари ҳуд равған бимол ва рӯи худро бишӯй,18То ки на дар назари мардум, балки дар ҳузури Падари ҳуд, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот ҳоҳад дод.

Қонуни Малакут дар хусуси сарват.

19Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;
20Балки барои ҳуд ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд;
21Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо ҳоҳад буд.
22Чароғи бадан чашм аст. Ва агар чашмат солим бошад, тамоми баданат равшан ҳоҳад буд;
23Лекин агар чашми ту ҳира бошад, тамоми баданат торик ҳоҳад буд. Пас, агар нуре ки дар туст, зулмот бошад, чӣ гуна азимест он зулмот!
24Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба
Восита ба муқобили ғамхориҳо —
умедворӣ ба Падаре ки дар осмон аст.
25Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои ҳаёти худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ бихӯред ва чӣ бинӯшед; низ барои ҷисми худ, ки чӣ бипӯшед. Оё ҳаёт аз хӯрок ва ҷисм аз пӯшок муҳимтар нест?
26Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?
27Ва кист аз шумо, ки бо ғамҳории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?
28Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро назар кунед, ки чӣ гуна нашъунамо меёбанд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд;
29Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми ҷалоли худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст;
30Пас агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин бипӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад!
31Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: „Чӣ бихӯрем?“ ё: „Чӣ бинӯшем?“ ё: „Чӣ бипӯшем?“
32Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.
33Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.
34Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барои имрӯз кофист
Давоми мавъизаи болои кӯҳ.
Ҳукм накардан дар ҳаққи дигарон
1Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед;
2Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.
3Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?
4Ё чӣ тавр ба бародари худ мегӯӣ: „Иҷозат деҳ, ки ҳасро аз чашми ту дур кунам“; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?
5Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки ҳасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
6Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон наандозед, то ки онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.

Тарғиб барои дуо.

7Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, ҳоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода ҳоҳад шуд;
8Зеро ҳар кӣ биталабад, мегирад, ва ҳар кӣ биҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
9Ва кадом одамест аз шумо, ки писараш аз ӯ нон биталабад, ва санге ба вай бидиҳад?
10Ё моҳие аз ӯ биталабад, ва море ба вай бидиҳад?
11Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек ҳоҳад дод.
12Пас, ҳар он чи меҳоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед; зеро ин аст Таврот ва суҳафи анбиё.

Ду роҳ.

13Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисьёранд;
14Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.
Огоҳонидан аз муаллимони козиб.
Имтиҳон.
15Аз анбиёи козиб ҳазар кунед, ки ба либоси меш назди шумо меоянд, лекин дар ботин гургони даррандаанд:
16Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шиноҳт. Оё аз буттаи олуча ангур ва аз мушхор анҷир мечинанд?
17Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад;
18Наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи нек.
19Ҳар дарахте ки меваи нек намеоварад, бурида ва дар оташ андохта мешавад.
20Пас, онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт
Хатари эътирофи бе имон
23Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: „Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!“

Ду асос.

24Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;
25Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд.
26Ва ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки ҳонаи худро бар рег бино кард;
27Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».
Исо бо қудрати Худо таълим медод.
28Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд,
29Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиён.